НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар вилояти Хатлон 1663 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 1663 иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки 134,1%-и дурнамои солонаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ гардидааст. То имрӯз беш аз 4 ҳазор биною иншоот ба маблағи умумии 3,3 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар вилоят 89 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси беш аз 1000 ҷойи нави кор сохта, ба истифода дода шуд.
Ба ҳолати 1 январи соли 2025 шумораи умумии корхонаҳо ба 874 адад расид. Имрӯзҳо дар корхонаҳои саноатии вилоят 185 номгӯй маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
«Ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати аҳли вилоят ва татбиқи самараноки барномаю нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошанд», — изҳор дошт Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷамоати шаҳраки Шарора корхонаҳои истеҳсоли хишт ва семент ба истифода дода мешаванд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕНАЗИР АСТ. Ва ё вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест
Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»
Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 106,7 фоизи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни миллии Тоҷикистон таъмин гардидааст






