НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Восеъ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расонида шуд

Февраль 14, 2025 11:39

ВОСЕЪ, 14.02.2025  /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024  ҳаҷми умумии  маҳсулоти кишоварзӣ  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  ба 2 миллиарду 123 миллиону 808,9   ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки  нисбат ба соли 2023   194  миллиону 638,6 ҳазор   сомонӣ зиёд буда, 110,1 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Дар ин давра  аз тарафи кишоварзони ноҳия  ба хориҷи мамлакат 2680  тонна  маҳсулоти кишоварзӣ  содирот карда шуд, ки  иҷрои нақшаи солонаро  100% таъмин намуд.

Соли  2024   саршумори   чорвои шохдори калон, моли майда, паранда, асп  ва дигар ҳайвонҳои  хонагӣ афзоиш ёфт, ки дар натиҷа  бозорҳои дохилӣ  бо маҳсулоти  гӯштӣ ва ширӣ таъмин шуданд.

Соли 2024  дар ноҳияи Восеъ 8618 тонна гӯшт, 52 802  тонна шир, 7 миллиону 528,7  ҳазор  дона тухм, 351 тонна пашм, 4,2 тонна пилла, 54 тонна асал ва 121 тонна моҳӣ  истеҳсол карда шуд.

Кишоварзони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ ба соҳаи кишоварзӣ  таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар рушди он саҳми назаррас гузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд