НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо зиёда аз 90 муассисаи таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд

Февраль 4, 2025 11:26

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 2024 бо зиёда аз 90 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуд. Дар ин хусус 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ин донишгоҳ Эраҷ Абдусамадзода иттилоъ дод.

Ба иттилои Эраҷ Абдусамадзода, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо ин донишгоҳҳо дар самтҳои табодули таҷриба, табодули дастовардҳои соҳаи таълим, табодули таҷриба дар соҳаи илм ва иштирок дар чорабиниҳои илмии якдигар ҳамкории судманд менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ бо 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Узбекистон ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.С. Пушкин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024  24 омӯзгору донишҷӯи донишгоҳ ба хориҷи мамлакат барои табодули таҷриба, забономӯзӣ ва иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ рафтанд.

«16 декабри соли 2024 зимни баргузории ҳамоиши Дафтари миллии Эрасмус+ дар Тоҷикистон таҳти унвони «Рӯнамои барномаҳои Эрасмус+ имконият ва имтиёзҳо» Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои иштироки фаъолона дар татбиқи лоиҳаҳои грантии  Эрасмус+ дар байни 48 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ соҳиби Ҷоиза ва сертификати Иттиҳоди Аврупо дониста шуд»,-иброз дошт Эраҷ Абдусамадзода.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Февраль 4, 2025 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад