НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ соли 2024 дар сатҳи 109,6 фоиз таъмин шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 нақшаи қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатҳи 109,6 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 22 миллиарду 700 миллион сомонӣ ворид гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иттилоъ дод.
Ҳамзамон иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар сатҳи 106,4 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми умумии воридоти маблағҳо 10 миллиарду 400 миллион сомониро ташкил дод.
Хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2024 дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 45 миллиарду 500 миллион сомонӣ равона гардид.
Аз ҷумла, ба соҳаҳои мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ, маориф 8,8 миллиард сомонӣ, тандурустӣ 3,7 миллиард сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 6 миллиард сомонӣ, фарҳангу варзиш 2,5 миллиард сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 2,5 миллиард сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 7,1 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ 1,1 миллиард сомонӣ, саноат ва сохтмон 354,6 миллион сомонӣ ва нақлиёт ва коммуникатсия 3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






