НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Музди маоши кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар 10 фоиз баланд бардошта мешавад
ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста барои баланд бардоштани нуфузу эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа тадбирҳои муассир меандешанд, аз 1 сентябри соли 2025 маоши омӯзгорон ба андозаи 20% баланд бардошта мешавад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тасмим гирифтааст, ки дар заминаи дастгириҳои иҷтимоии Президенти Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2025 музди маоши кормандонро аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ 10 фоиз баланд бардорад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Маҳмадалӣ Қурбонзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар яке аз муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули илму маориф, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва тарбияю омода намудани мутахассисони баландихтисос нақши муҳим дорад.
Дар назди донишгоҳ як литсей, Институти илмӣ-таҳқиқотӣ (табииётшиносӣ ва техникӣ), маркази Мавлоношиносӣ ва мавзеи таълимию таҷрибавии Зағиртут фаъолият менамоянд.
Донишгоҳ соли 2024 мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф дар даҳгонаи аввали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мавқеъ гирифт.
Ҳоло дар 45 кафедраи донишгоҳ 621 омӯзгор, аз ҷумла 17 профессор, 189 номзади илму дотсент, 420 саромӯзгор, омӯзгорон ва ассистентон фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд.
Шумораи донишҷӯёни донишгоҳ 19 754 нафарро ташкил медиҳад, ки 8921 нафарашон духтарон мебошанд.
Дар донишгоҳ 65 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла аз Узбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия таҳсил мекунанд.
Дар донишгоҳ 486 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, 8 нафар Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор гардидаанд.
Аз ҷониби раёсати донишгоҳ соли 2025 вобаста ба тарғиби осори гаронмояи Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз рӯйи равияҳои табиӣ ва гуманитарӣ барои 6 донишҷӯ идрорпулӣ ба номи Носири Хусрав таъсис дода шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар








ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст






