НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 100 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуданд
ЛАХШ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, сокинони ноҳияи Лахш соли 2024 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ, яъне дар заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасон дар 5457 гектар картошка кишт намуданд. Тавассути сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудану риояи қоидаҳои агротехникӣ 109 ҳазору 737 тонна картошка истеҳсол шуд, ки қисми зиёди онро соҳибкорон ба бозорҳои ҷумҳурӣ содирот намуданд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Иброз гардид, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021-2025» 114 лоиҳаро дар бар мегирад, ки маблағи амалишавии лоиҳаҳо 163 миллиону 740 ҳазор сомонӣ мебошад. Ба ҳолати якуми январи соли 2025 дар ноҳияи Лахш аз 114 лоиҳа 83 лоиҳа амалӣ гардида, 97 миллиону 620 ҳазор сомонӣ азхуд карда шудааст.
Тавре дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бунёди 124 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 64 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 60 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС аз АМИТ «Ховар»








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






