НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ ба андозаи 0,2 фоиз устувор гардид

Февраль 12, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ соли 2024 ба андозаи 0,2 фоиз устувор гардид. Дар ин хусус Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти низоми бонкии мамлакат иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар ин давра Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» идома дод».

Зимни тавзеҳи вазъи бозори дохилии асъор раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки «бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳон қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба доллари амрикоӣ тағйир ёфт. Аз ҷумла, қурби соми Қирғизистон 2,3 фоиз устувор гардида, лираи Туркия 19,7 фоиз, тангаи Қазоқистон 15,2 фоиз, рубли Федератсияи Русия 13,4 фоиз, рубли Беларус 9,3 фоиз, суми Узбекистон 4,7 фоиз ва юани Чин 1,5 фоиз нисбат ба доллари амрикоӣ коҳиш ёфт».

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад