Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе аз фанни технология баргузор мегардад

Февраль 6, 2025 11:19

ДУШАНБЕ, 06.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 феврал то 13 марти соли равон Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) дар соли таҳсили 2024–2025 баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.

Олимпиада бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва дар доираи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» доир мегардад.

Дар олимпиада хонандагони синфҳои 5-10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок карда метавонанд.

Хоҳишмандон метавонанд аз марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ва Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе маълумоти муфассал дастрас намоянд.

АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе

Февраль 6, 2025 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ: «Бо ташаббуси Пешвои миллат таҳқиқ ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ ба сатҳи нави илмӣ бароварда шуд»
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад