Омодагии намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа барои баргузории интихоботи парлумонӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал бо мақсади омодагӣ ба баргузории интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти видеоии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни нишаст масъалаҳои тадорукотии марбут ба омодагӣ барои ташкил ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аҳамияти муҳимми ин маъракаи сиёсӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани он ба таври хосса таъкид карда шуд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади мусоидат ба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони мамлакат бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар хориҷи мамлакат дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд






