«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд

Февраль 21, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паём-роҳнамо барои иҷрои ҳадафҳои шоиста» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқа хабар доданд.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки дар ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» нуктаҳои муҳими таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии мамлакат таъкид гардида, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии ҷумҳурӣ пешниҳод мешаванд.

«Нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои сохтор, кормандони  соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ муҳим буда, таваҷҷуҳи асосии Сарвари давлат ба вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт моро водор месозад, ки нисбат ба рушди соҳа масъулияти бештар зоҳир намоем»,- иброз дошт Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар самти  иқтисоди миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавқеи меҳварӣ дошт. Ин нишони он аст, ки Сарвари давлат ба баҳрабардорӣ аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи хосса доранд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид