Подшоҳи Марокаш мардуми мамлакаташро даъват намуд, ки аз забҳи чорво худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 28.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Подшоҳи Марокаш Муҳаммади VI аз мардуми Марокаш даъват ба амал овард, ки бо сабаби коҳиши саршумори чорво дар ин кишвар бар асари хушксолии чандинсола имсол аз забҳи гӯсфанд хусусан дар иди Қурбон худдорӣ намоянд.
Тавре АЗЕРТАҶ бо истинод ба агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад, муроҷиатномаи дахлдори подшоҳро ба мардум вазири авқоф ва корҳои исломӣ Аҳмад Тавфиқ ба воситаи телевизион хонд.
Тибқи маълумоти расмӣ, бар асари хушксолиҳои пайдарпай саршумори чорво ва гӯсфандон дар Марокаш соли 2025 38 фоиз коҳиш ёфтааст.
«Вазифаи мо- барои шумо фароҳам овардани имкони иҷрои ин маросими мазҳабӣ дар шароити беҳтарин аст. Вале он имрӯз бо мушкилоти иқлимӣ ва иқтисодие ҳамроҳ аст, ки кишвари мо бо он рӯбарӯ гардидаю ин сабаби хеле кам шудани саршумори чорво шудааст», — гуфта мешавад дар номаи Муҳаммади VI.
«Гузаронидани маросим дар ин шароити вазнин ба аксарияти мардум, бахусус онҳое, ки даромади маҳдуд доранд, зарари ҷиддӣ мерасонад», — гуфт подшоҳ.
Бориши имсола дар 30 соли охир ба ҳисоби миёна 53 фоиз паст буд, ки сабаби нарасидани чарогоҳ барои чорво шуд. Истеҳсоли гӯшт коҳиш ёфт, ки ин боиси болоравии нарх дар бозори дохилӣ ва афзоиши воридоти чорвои зинда, гӯсфанд ва гӯшти сурх гардид.
Чанде пеш мамлакат барои аз Австралия овардани то 100 ҳазор cap гӯсфанд шартнома ба имзо расонид.
Дар буҷети соли 2025 Марокаш боҷҳои воридотӣ ва андоз аз арзиши изофаро барои чорвои калон, гӯсфанд, шутур ва ғайра қатъ намуд, то нархҳои дохилиро ба таври муътадил нигоҳ дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






