РЕЙТИНГИ «ДОНИШГОҲҲОИ САБЗ». Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар он иштирок менамояд

Февраль 6, 2025 08:28

ДУШАНБЕ, 06.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли 2025 дар рейтинги «Донишгоҳҳои сабз» иштирок менамояд. Дар ин хусус ректори ин донишгоҳ Убайдулло Асрорзода 5 феврал дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки ҳоло ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар рейтинги «Донишгоҳҳои сабз» омода шуда, пешниҳод мегарданд.

Ҳамзамон зимни натиҷагирӣ аз фаъолият ва ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ соли 2024 бо 48 муассисаи таълимӣ ва марказҳои таълимию илмӣ-таҳқиқотии хориҷи мамлакат шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонид. Шумораи ин созишномаҳои ҳамкорӣ ба 250 адад мерасад.

Соли 2024 роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Корея, Британияи Кабир, Олмон, Чин, Арабистони Саудӣ, Туркия, Чехия, Беларус, Эрон, Ҳиндустон ва Узбекистон ба донишгоҳ омаданд. Зимни вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои хориҷӣ матраҳ гардиданд.

Ҳамзамон дар ин давра 106 мулоқоти маҷозӣ барои тақвияти ҳамкорӣ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат анҷом дода шуд.

«Соли 2024 яке аз рӯйдодҳои муҳим- ин ба донишгоҳ омадани Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ва бо унвони «Профессори фахрӣ» сарфароз гардонидани ӯ маҳсуб мешавад»,-гуфт Убайдулло Асрорзода.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2025 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»