Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Биржаи байналмилалии сайёҳии Милан-2025 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса Убайдулло Асрорзода дар ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Биржаи байналмилалии сайёҳӣ (Borsa Internazionale del Turismo — 2025, Rho Fiera Milano) дар шаҳри Милани Италия иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни тамошои гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини ширкатҳои сайёҳии мамлакат мулоқоти судманд анҷом дода шуд.
Дар доираи биржа мулоқоти роҳбарияти донишгоҳ бо намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва ширкатҳои самти сайёҳию хизматрасонӣ доир шуд. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳо баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар доираи ин сафар бо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонии самти сайёҳӣ ва меҳмондорӣ мулоқоти судманд анҷом дода шуд. Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дутарафа донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисосу самтҳои дахлдор ба таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаивазкунӣ, ҳамзамон минбаъд ба кор фаро гиранд.
Дар доираи иштирок дар биржа вохӯриҳои раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони муассисаҳои таълимии шаҳри Милан ба нақша гирифта шудаанд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






