«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе фестивал ва намоиш- фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 марти соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ва дар доираи он аз 1 то 21 март дар «Боғи Куруши Кабир»-и пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Фестивали «Сад ранги чакан» дар мамлакат аз соли 2018 ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзию зардӯзии чаканӣ соли дуюм аст, ки баргузор мегардад.
Ин чорабиниҳо дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ гузаронида мешаванд.
Ин намоишҳо ҳунармандону чакандӯзонро аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ҷамъ оварда, имкон фароҳам меоранд, ки ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод намоянд.
Ин иқдом ба хотири ҳифзи ҳунару ҳунармандӣ ва эҳёи анъанаҳои миллии мардуми тоҷик гирифта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳунарҳои мардумӣ аз байн нарафта, баръакс ҳунарҳои фаромӯшгардида аз нав эҳё гарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






