Сафири Боливарии Венесуэла: «Тоҷикистон бо табиати зебо ва мероси фарҳангию таърихӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон қарор мегирад»
ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани табиати зебо, мероси фарҳангию таърихӣ, таомҳои миллӣ ва меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон қарор мегирад. Ин нуктаро 4 феврал Сафири Боливарии Венесуэла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристофер Мартинес Берротеран зимни мулоқот бо муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён иброз намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба рушд додани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла, инчунин мусоидат ба бахши хусусӣ барои иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалие, ки дар ҳудуди ҳарду давлат багузор мегарданд, табодули назар намуданд.
Таъкид шуд, ки иштироки бахши хусусӣ дар чунин чорабиниҳо яке аз омилҳои муҳими ҷалби сайёҳон ба ҳисоб меравад.
Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён ҳамчунин оид ба мавҷудияти имконияти фаровони сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ноил шудан ба дастовардҳои беназири соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бисёр муҳим арзёбӣ намуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд






