Сафири Тоҷикистон дар Беларус дар ҳамоиши адабӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ иштирок намуд

Февраль 22, 2025 09:53

ДУШАНБЕ, 22.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҳамоиши адабӣ таҳти унвони «Симои шоиронаи Ватан», ки дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иттилоъ медиҳад.

Бахтовар Сафарзода зимни суханронӣ изҳор намуд, ки ҳифзи забони модарӣ яке аз унсурҳои муҳими ҳувияти миллӣ мебошад. Дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди забони миллӣ дар мақоми давлатӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки Тоҷикистон ва Беларусро на танҳо муносибатҳои зичи иқтисодӣ ва сиёсӣ, балки муҳаббати муштарак ба фарҳанг, адабиёт ва санъат пайваст менамоянд. Чунин чорабиниҳо, ба монанди шабҳои адабӣ дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни миллатҳо нақши муҳим мебозанд. Намунаи равшани чунин ҳамкорӣ ба табъ расидани китоби «Дӯстии халқҳо — дӯстии адабиёт» бо шарофати адибони шинохтаи Тоҷикистон ва Беларус Ато Ҳамдам ва Алес Карлюкевич дар соли 2011 дар шаҳри Душанбе мебошад.

Дар Беларус инчунин маҷмуаи ҳикояву достонҳои Ато Ҳамдам ба забони беларусӣ «Жыццё не спыняецца», китоби муаллифони муосири Тоҷикистон ба забони беларусӣ «Дар зери ситораи Рӯдакӣ», шеърҳои Саидалӣ Маъмур, Фарзона ва ғайра, дар Душанбе — китобҳои Алес Бадак, Георгий Марчук, Юрий Сапожков, Николай Метлицкий ва Алексей Дударев ба нашр расиданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Февраль 22, 2025 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд