САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ. Тавассути ин намуди сайёҳӣ ҷаҳонгардон аз хӯрокҳои миллии тоҷикӣ лаззат мебаранд
ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳии гастрономӣ навъи саёҳате аст, ки зимни он ҷаҳонгардон ба дигар давлат ва минтақаҳо бо мақсади шиносоӣ бо таомҳои маҳаллӣ ва хусусияту анъанаҳои пухтупаз мераванд.
Ин намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон солҳои охир бештар рушд намудааст. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва таҷлил намудани ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада барои рушди ин навъи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Баргузор намудани ҷашнҳои миллӣ ҳамчун бренди сайёҳӣ таблиғ гардида, ба воситаи он таомҳои миллии тоҷикӣ эҳё гардида, сайёҳони дохилию хориҷӣ аз лаззати таомҳои миллӣ баҳра мебаранд.
Фестивали «Оши палав», «Хӯрокҳои миллӣ», озмунҳои «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам», «Хӯришҳои миллӣ», «Яхмос ва обҳои ташнагишикан» ва пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ дар тарабхонаю ошхонаҳо ба таври замонавии миллӣ ба рушди саёҳати гастрономӣ заминаи мусоид мегузорад. Дар ин замина хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда, сайёҳон бо иду фестивалҳо шинос мешаванд ва аз хизматрасонии ошхонаю тарабхонаҳо васеъ истифода мебаранд.
Дар ин фестивалу ҷашнҳои миллӣ кадбонуҳои тоҷик хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар наҳорӣ, нисфирӯзӣ ва шомгоҳон, аз ҷумла, оши палав, кабобҳои сабзавотӣ ва гӯштӣ, лӯлакабоб, ҷигарбирён, сихкабоб, мурғбирён, каллапоча, қурутоб, шакароб, таҳмол, оши бурида, оши туппа, маҳсулоти ширӣ, ба монанди ҷурғот, чакка, қурут, равғани зард, маска, панир, қаймоқ, дӯғ, ширрӯған, ширбиринҷ, ширбат, ширкаду ва хӯришҳои гуногунро ба намоиш мегузоранд.
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати пухтупази халқи тоҷик давоми садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст. Таомҳои миллии тоҷикӣ аслан аз сабзавоту хӯрокҳои гӯштӣ ва орд иборат мебошанд. Кабобҳои сабзавотӣ ва гӯштӣ, ҳасиб аз гӯшти мурғ, қурутоб, шакароб, қатлама ва таҳмол хеле маъмул мебошанд. Хӯрокҳои миллӣ бо гиёҳҳои шифобахшу хушбӯй омода карда мешаванд.
Маҳсулоте, ки асоси таомҳои миллии тоҷикон мебошанд, таърихи қадимӣ доранд ва ба ҳар минтақаю фарҳанги он алоқаманд ҳастанд. Таомҳои гуногун ва дастархондорию меҳмоннавозии тоҷикӣ сайёҳонро ҳама вақт дар ҳайрат мегузорад.
Дар байни хӯрокҳои миллии тоҷикӣ оши палав ҷои махсус дорад. Соли 2016 оши палави тоҷикӣ ба қатори мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Беш аз 200 тарзи пухтани оши палав мавҷуд аст. Тарзи тайёр кардан ва истифодаи ош одамонро аз табақаҳои мухталифи ҷомеа муттаҳид менамояд.
Оши палави тоҷикӣ солҳои охир дар фестивалҳои байналмилалӣ низ муаррифӣ гардида, хориҷиён аз таъми он лаззат мебаранд.
Дар Тоҷикистон 343 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 214 меҳмонхона, 46 ҳостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 12 маркази муолиҷавӣ ва лагерҳои солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият менамоянд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки масъулини ин инфрасохтор кӯшиш менамоянд меҳмонхона, ҳостел ва мотелҳоро бо нақшу нигори миллӣ ва замонавӣ, инчунин бо пораҳои атласу адрас ва чакан оро диҳанд, ки яке аз роҳҳои ҷалби сайёҳон мебошад.
Тавре аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабардор ҳастем, сайёҳоне, ки барои сайёҳии гастрономӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рафта, бо фаъолияти мардуми деҳот шинос мегарданд. Онҳо дар вақти нонпазии занони деҳот, тарзи тайёр кардани қурут, омода намудани оши бурида ва хусусан дар фасли баҳор бо тарзи тайёр кардани суманак, ки чанд навъ мешавад, иштирок менамоянд. Маълум аст, ки ба онҳо тарзи омода намудани хӯрокҳои миллии халқи тоҷик хеле аҷиб менамояд. Зеро аксари онҳо дар вақти хӯрокпазии занони тоҷик кумак мерасонанд.
Бояд гуфт, ки аз рӯи таснифот гастротурҳо ба деҳотӣ ва шаҳрӣ ҷудо мешаванд. Дар гастротурҳои деҳот сайёҳон асосан ба пухтупази таомҳои миллӣ, ҷамъоварии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла ангур аз токзор, сабзавот ва меваҳо аз хоҷагиҳо машғул мешаванд. Дар гастротури шаҳрӣ сайёҳон ба корхона ё коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ рафта, аз маҳсулоти омодакардаи онҳо мечашанд. Яъне сафарҳои гастрономӣ сайёҳонро бо хӯрокҳои гуногун дар маконҳои мухталиф шинос менамоянд.
Дар Тоҷикистон меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза ва аз рӯи таъм лазизтарин дар ҷаҳон парвариш карда мешавад. Онҳо на ба таври сунъӣ дар гармхонаҳо, балки бо истифода аз нури Офтоб ташаккул меёбанд. Асали тоҷикӣ, нӯшокию шарбатҳо ва обҳои маъдании мамлакат низ дар ҷаҳон беҳамто буда, сайёҳону меҳмонон зимни сафар аз онҳо васеъ истифода мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 ба Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан бунёди инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода изҳор дошт, ки кумита барои рушди ин соҳа соли 2025 анҷом додани корҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст.
«Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди мо гузошта шудааст, ин бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ кӯшиш менамоем, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ин камбудиҳоро давра ба давра ислоҳ намоем», — гуфт раиси кумита.
Ҳамчунин Ҷамшед Ҷумъахонзода иброз дошт, ки соли равон нақша доранд ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба гардишгарони хориҷӣ ҳамчун бренди Тоҷикистон дар сатҳи баланд муаррифӣ намоянд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ«Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд






