Шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад

Февраль 12, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз афзоиш меёбад. То аввали соли 2025 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ 10 миллиону 497  ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин матлабро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз намуд, ки дарозумрӣ низ дар мамлакат зиёд гардидааст, ки ин нишонаи болоравии сатҳи зиндагии мардум  мебошад. Инчунин омили дигари дарозумрӣ рушди иқтисодӣ, кам кардани фавти кӯдакон, кам шудани фавт байни аҳолии қобили меҳнат, инчунин кам кардани истеъмоли машруботу тамоку мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2024 нисбат ба соли 2023 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 4,8 фоиз зиёд шудааст. Зиёдшавии сабти таваллуд дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёдшавии бақайдгирии таваллуд 2,0 фоиз, дар вилояти Хатлон 3,3 фоиз, Суғд 3,7 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7,0 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 9,9 фоизро ташкил медиҳад.  Коэффитсиенти умумии таваллуд ва коэффитсиенти умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 24,2 ва 3,2 нафар рост меояд. Инчунин дар мамлакат шумораи занон 49,3 фоиз ва мардон 50,7 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи таҳқиқоти коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, соли 2050 бори аввал дар таърихи башарият шумораи шахсони аз 60-сола боло дар ҷаҳон аз теъдоди кӯдакони то 15-сола бештар хоҳад шуд.

«Дар Тоҷикистон шахсони аз 100-сола боло 230 нафар мебошанд, ки 112 нафарро занон ташкил медиҳанд», — иттилоъ дод директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид