Соли 2024 аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон 75 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид

Февраль 17, 2025 08:54

ДУШАНБЕ, 17.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии бахши хусусӣ, гузариши пурраи ташкилоти буҷетӣ ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ҳамзамон мукаммалнамоии қонунгузории андоз аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо 125 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки 75 адади он бо тартиби муқарраршуда қабул ва тасдиқ шуд. Аз ин шумора 40 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» таҳия гардид. Ин матлабро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Бо мақсади дастрасии шумораи бештари шаҳрвандон ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аз санадҳои дар доираи он қабулгардида 16 ҳазор маводи таблиғотӣ ба чоп расида, барои истифода тақсим шуд.

Дар баробари ин стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ бо забони давлатӣ тарҷума ва тасдиқ гардида, дар сомонаи расмии Фонди Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва Вазорати молия нашр шуданд.

Татбиқи ин санадҳо барои таъмини шаффофияти амалиёти муҳосибию молиявӣ, мутобиқгардонии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ба меъёрҳои байналмилалии соҳа ва ташаккули манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ мусоидат менамоянд.

Инчунин дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2024 ба 379 муроҷиаткунанда ҳуҷҷати иҷозат барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ  дода шуд. Инчунин аз ҷониби вазорат ҳамчун мақоми ваколатдор 9 иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти гаравхона, 9 иҷозатнома барои фаъолияти букмекерӣ, 7 иҷозатномаи фаъолияти бозии лото, 6 иҷозатнома барои иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, 14 иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ ба ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ, 271 иҷозатнома барои фаъолият вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, 7 шаҳодатнома барои фаъолияти лотереяи электронӣ, 67 шаҳодатнома барои фаъолияти лотерея, иқдом ва бозиҳои бурднок ва 43 шаҳодатнома барои машғул шудан ба фаъолияти сохтани маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дода шуд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2025 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад