Соли 2024 аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон 75 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид
ДУШАНБЕ, 17.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии бахши хусусӣ, гузариши пурраи ташкилоти буҷетӣ ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ҳамзамон мукаммалнамоии қонунгузории андоз аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо 125 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки 75 адади он бо тартиби муқарраршуда қабул ва тасдиқ шуд. Аз ин шумора 40 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» таҳия гардид. Ин матлабро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Бо мақсади дастрасии шумораи бештари шаҳрвандон ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аз санадҳои дар доираи он қабулгардида 16 ҳазор маводи таблиғотӣ ба чоп расида, барои истифода тақсим шуд.
Дар баробари ин стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ бо забони давлатӣ тарҷума ва тасдиқ гардида, дар сомонаи расмии Фонди Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва Вазорати молия нашр шуданд.
Татбиқи ин санадҳо барои таъмини шаффофияти амалиёти муҳосибию молиявӣ, мутобиқгардонии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ба меъёрҳои байналмилалии соҳа ва ташаккули манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ мусоидат менамоянд.
Инчунин дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2024 ба 379 муроҷиаткунанда ҳуҷҷати иҷозат барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дода шуд. Инчунин аз ҷониби вазорат ҳамчун мақоми ваколатдор 9 иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти гаравхона, 9 иҷозатнома барои фаъолияти букмекерӣ, 7 иҷозатномаи фаъолияти бозии лото, 6 иҷозатнома барои иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, 14 иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ ба ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ, 271 иҷозатнома барои фаъолият вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, 7 шаҳодатнома барои фаъолияти лотереяи электронӣ, 67 шаҳодатнома барои фаъолияти лотерея, иқдом ва бозиҳои бурднок ва 43 шаҳодатнома барои машғул шудан ба фаъолияти сохтани маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дода шуд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба 20-солагии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конфронси 3-юми байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Бангкок тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЭСКАТО баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии Сеул оид ба корхонаҳои давлатӣ иштирок намуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА. Қабули ин санади стратегӣ кафолати рушди босуботи соҳа мебошад
Дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад
Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода мешавад
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавориро масъалаи стратегӣ ва ҳаётан муҳим номиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат ба масъулон барои коҳиши фоизи қарзҳо ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дастур доданд
Тоҷикистон ба ҷомеаи рақамии пешрафта бо иқтисоди инноватсионии рақобатпазир табдил меёбад
Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид






