«Сомон Эйр» соли 2024 беш аз 1,5 миллион мусофирро ба 12 давлати ҷаҳон интиқол додааст
ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли 2024 тавассути хатсайрҳои мунтазами байналмилалӣ ва чартерӣ 1,5 миллион мусофир интиқол додааст, ки нисбат ба соли 2023 беш аз 223 ҳазор ё 28,5 фоиз зиёд мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз шумораи умумии мусофирони интиқолдода 112 ҳазор нафар тавассути хатсайрҳои дохилӣ ва 894 ҳазор нафар тавассути хатсайрҳои байналмилалӣ сафар анҷом додаанд.
Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» соли 2024 парвозҳои мунтазам ва транзитиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самтҳои Туркия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Олмон, Узбекистон, Ҳиндустон, Покистон ва Гурҷистон иҷро намуд. 51 фоизи интиқоли мусофиркашониро самти Федератсияи Русия ташкил медиҳад.
Инчунин соли 2024 аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 1451 тонна бор ва 10,5 тонна почта интиқол дода шуд, ки ин нисбат ба соли 2023 424 тонна ё 41 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон дар ин давра ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 3313 парвози ҷуфт анҷом додааст, ки аз ин шумора 5908 ададашро парвозҳои ҷуфти байналмилалӣ ташкил дода, 718 адад парвозҳои дохилӣ мебошанд. Ин омор нисбат ба соли 2023 560 парвози ҷуфт ё 20,3 фоиз зиёд мебошад.
Ҳоло пойгоҳи ҳавопаймоии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро 2 ҳавопаймои тамғаи Боинг 737-900, 4 ҳавопаймои тамғаи Боинг 737-800, 2 чархболи МИ-8 ва як чархболи Airbus H-125 ташкил медиҳанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






