Таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд

Февраль 4, 2025 15:57

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо роҳбари намояндагии IFC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов баррасӣ гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиши истифодаи равандҳои инноватсионию имконияти технологияҳои рақамӣ, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ аз самтҳои муҳими беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва тавсеаи фаъолияти бахши хусусӣ  маҳсуб мешавад.

Бонки миллӣ ҳамчун танзимгар дар рушди технологияҳои рақамии молиявии мамлакат нақши хосро иҷро мекунад. Барои афзоиши дастрасии хизматрасонии молиявии инноватсионии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бояд шароити мусоид муҳайё карда шавад. Роҳбари намояндагии IFC аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии IFC-ро барои густариши ҳамкории минбаъда дар самти пешбурди инноватсия дар бахши молиявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти ғайринақдӣ баён намуд.

Дар мулоқот густариши ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкӣ ва суғурта, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла бахши рақамикунонии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ, лоиҳаи «Дастгирии рушди рақамӣ ва инноватсионии бахши молиявӣ», баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ, хусусан саводнокии молиявии рақамӣ дар байни ҷавонон ва шаклу шароити ҳамкорӣ дар доираи татбиқи марҳилаҳои лоиҳа баррасӣ шуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Февраль 4, 2025 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид