ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 феврал, чоршанбе, 57-умин рӯзи соли 2025 аст

Февраль 26, 2025 08:00

26 феврали соли 1992 Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамроҳ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1995 аввалин маротиба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоботи парлумонӣ баргузор гардид.

***

26 феврали соли 2009 дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам таҳти унвони «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

***

26 феврали соли 2016 ташаббусҳои муштараки Тоҷикистон ва Нидерланд муҳокима шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

***

26 феврали соли 2020 дар Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласаи кумитаи тадорукоти Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.

***

26 феврали соли 2021 Тоҷикистон ва Фаластин масъалаҳои ҳамкории мутақобили судмандро баррасӣ намуданд.

***

26 феврали соли 2022 байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Финландия муҳтарам Саули Ниинистё ба муносибати 30-юмин солгарди барқарор намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дод, ки Агентии миллии илмии Австралия технологияи наве таҳия кардааст, ки метавонад сатҳи шакарро дар шарбати мевагӣ аз се ду ҳисса (66%) коҳиш диҳад. Технологияи нав ба ферментоние асос ёфтааст, ки шакари табиии шарбати меваҳоро ба карбогидратҳои мураккаб табдил дода, ҳамзамон бо ин сатҳи нигоҳдории шакарро коҳиш медиҳад.

26 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии фориғболӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Карим Абдулов-соли  1939- иқтисоддон, таърихнигор, доктори илми таърих (1990), профессор (1991). Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997).

Февраль 26, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, сешанбе, 56-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, душанбе, 55-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, якшанбе, 54-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, шанбе, 53-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, ҷумъа, 52-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, панҷшанбе, 51-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, чоршанбе, 50-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, сешанбе, 49-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, душанбе, 48-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, якшанбе, 47-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, шанбе, 46-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, ҷумъа, 45-умин рӯзи соли 2025 аст