ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, ҷумъа, 59-умин рӯзи соли 2025 аст

28 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор гардид.
***
28 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуданд.
***
28 феврали соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни эҷодкори мамлакатро интихоб намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор шуд.
***
28 феврали соли 2020 дар Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шуд.
***
28 феврали соли 2022 аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 30 сол сипарӣ гардид.
***
28 феврали соли 2023 дар Душанбе доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо директори минтақавии ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Осиёи Марказӣ Иван Сао мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳокима шуд.
28 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии бемориҳои нодир.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Акбар Ҷӯраев— соли 1936-ходими давлатӣ, Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон
***
Ҳалима Эркаева— соли 1948- раққоса, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон