Таълимгирандагони «Ворисони Куруши Кабир» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таълимгирандагони Гимназияи низомии «Ворисони Куруши Кабир» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи ташкили сайри Осорхонаи миллӣ барои таълимгирандагони Гимназияи низомии «Ворисони Куруши Кабир» баланд бардоштани дониши таърихии афсарону аскарони оянда ва тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносии миллӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, дурнамо ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда баррасию таҳлил шуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дошта, тавассути он мероси таърихии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ мешавад.
Бо ин мақсад пешниҳоди таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ЮНЕСКО, ки нусхаи он дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мегардад, амали саривақтӣ аст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






