Таълимгирандагони «Ворисони Куруши Кабир» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд

Февраль 3, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таълимгирандагони Гимназияи низомии «Ворисони Куруши Кабир» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи ташкили сайри Осорхонаи миллӣ барои таълимгирандагони Гимназияи низомии «Ворисони Куруши Кабир» баланд бардоштани дониши таърихии афсарону аскарони оянда ва тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносии миллӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, дурнамо ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда баррасию таҳлил шуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дошта, тавассути он мероси таърихии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ мешавад.

Бо ин мақсад пешниҳоди таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ЮНЕСКО, ки нусхаи он дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мегардад, амали саривақтӣ аст.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 3, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
«РОБИАИ БАЛХӢ — НОБИҒАИ ШЕЪРИ ТОҶИК». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Тоҷикобод конфронси илмӣ доир шуд
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода дар шаҳри Турсунзода конференсияи илмӣ-назариявӣ-ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Рим Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Баргузории фестивал-озмун ба баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ мусоидат менамояд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ифтитоҳ ёфт