Тавзеҳнома ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир варзиш ба василаи муҳимтарини таъмини сулҳ ва ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, тавассути он давлатҳо ва халқу миллатҳо мақом ва нуфузи байналмилалии худро ҳифз намуда, аз ҳувияту шарафи худ дифоъ менамоянд.
Варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии фарҳанги миллии мо ба шумор рафта, ҳанӯз аз замонҳои қадим тоҷикон дорои намудҳои гуногуни бозиҳои миллии варзишӣ буданд ва ба он майлу рағбати беандоза доштанд.
Дар фарҳанги миллии мо варзиш — рамзи ҷавонмардӣ ва шуҷоату далерӣ шинохта шуда, наврасону ҷавонон ба таври оммавӣ ба машқу тавонмандӣ ҷалб карда мешаванд.
Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ варзиш дар сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи шоиста касб намуда, ҷиҳати омода кардани варзишгарони касбӣ аз рӯйи ҳамаи намудҳои варзиш шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.
Бо дарназардошти ин, соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Дар заминаи шароити муҳайёшуда варзишгарони кишвар тавониста истодаанд, ки мақом ва шарафи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз созанд ва онро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Имрӯз, бо мақсади ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он барои қадршиносии 46 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо 1 787 500 (як миллиону ҳафтсаду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Ин иқдом идомаи қадршиносиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарони баору номуси Тоҷикистон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлати Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба тасвиб расида буд, ки тибқи он соли нуҳум аст ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо ҷоизаи мазкур қадршиносӣ мегарданд.
То ин давра ба 370 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 миллиону 250 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо гардида, дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шудааст.
Ҳадафи асосӣ аз амалӣ кардани сиёсати давлат дар соҳаи варзиш, пеш аз ҳама, тарбия намудани насли худшиносу худогоҳ, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб, аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ обутобёфта ва бо ҳамин роҳ ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи тавонои Тоҷикистон мебошад.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






