21 март — Рӯзи байналмилалии замин. Рӯзи Замин ва ҷашни Наврӯз бо ҳам пайванди амиқ доранд
ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар аксар давлатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда мешавад. Маҳз ҳамин рӯз интихоб гардидани ин сана ба баробар шудани шабу рӯз марбут аст.
Ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад. Дар ин рӯз дар аксар мамлакатҳои дунё ташаббус ва иқдоми наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ зоҳир мешавад.
Имрӯз аксар экосистемаҳои табиии сайёраи мо ба таъсири номатлуби инсон ниҳоят ҳассос ва осебпазир мебошанд ва танҳо паст намудани шиддати таъсироти антропогенӣ метавонад онҳоро наҷот бахшад. Дар ин давра ҳама мавҷудоти зиндаи кураи Замин тағйироти куллии биологиро аз сар мегузаронанд. Организмҳое, ки неруи худро вобаста ба вақту замон аз даст додаанд ва қобилияти дар марҳилаи нав ҳаёт ба сар бурдан надоранд, аз байн мераванд. Дар мавҷудоти дигари зинда ҷараёни нави биологӣ пайдо мешавад ва бо неруи тозаи ҳаёт идома меёбад.
Таҷлили Рӯзи Замин тадбири бузурги байналмилалӣ аст ва таваҷҷуҳи сокинони сайёраро ба он равона месозад. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд ва ҳар гӯшаи ин сайёраро ба наслҳои оянда тозаю озода ба мерос монад.
Рӯзи байналмилалии Замин ба ҷашни аҷдодии мо — Наврӯзи хуҷастапай, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст, рост меояд. Рӯзи Замин ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз заминаҳои воқеии табиӣ доранд.
Зимни баробар шудани шабу рӯз ва дар бурҷи Ҳамал қарор гирифтани сайёраи Замин дар ҳаёти сайёраи мо ва табиати зиндаи он як марҳила ба итмом расида, марҳилаи нав оғоз меёбад. Ин давра ҳамчун давраи эҳёи табиат арзёбӣ мешавад.
Ҳанӯз 6 ҳазор сол муқаддам миллати куҳанбунёди мо мубрам будани масъалаҳои экологиро дар хотираи таърихияш ҷой намуд. Наврӯзи оламафрӯз на танҳо ҷашни таърихию фарҳангӣ, балки воқеан ҷашни табиӣ аст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Рӯзи Замин ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳам тавъам мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро расид.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Нақши Маркази байналмилалии Наврӯз барои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз чӣ гуна хоҳад буд?
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






