35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент варзишгоҳи замонавӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 23.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент корҳои ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонӣ идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и деҳоти Саразм бо саҳми соҳибкорон ва сокинон варзишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад. Дар айни замон варзишгоҳ рангу бор карда мешавад.
Ҳамчунин дар деҳаи Шӯрноваи нави шаҳри Панҷакент бо дастгирии сокинон бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад.
Яке аз ҳадафҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ бо мусоидати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва лоиҳаи шарикони рушд барои беш аз 700 оила хати оби нӯшокӣ кашида мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






