35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент варзишгоҳи замонавӣ бунёд мешавад

Март 23, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 23.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти  Саразми шаҳри Панҷакент  корҳои ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонӣ идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и деҳоти  Саразм бо саҳми соҳибкорон ва сокинон варзишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад. Дар айни замон варзишгоҳ рангу бор карда мешавад.

Ҳамчунин дар деҳаи Шӯрноваи нави шаҳри Панҷакент бо дастгирии сокинон  бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад.

Яке аз ҳадафҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ бо мусоидати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва  лоиҳаи шарикони рушд барои беш аз 700 оила хати оби нӯшокӣ кашида мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 23, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Шуғнон дар 10 гектар боғи нав бунёд карда шуд
МАСЪУЛИЯТИ ХАСТАНОПАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ ДАВЛАТСОЗӢ. Эҳдо ба 35-солаии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад

Маводҳои таҳлилӣ