35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 25.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар деҳаи Шоғарави Ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён сохтмонӣ бинои сеошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 бомаром идома дорад.
Муассисаи таълимии сеошёна бо таҳхона барои 1500 ҷойи нишаст бо маблағи зиёда аз 1 миллион долари амрикоӣ сохта мешавад. Бинои муассиса дорои 24 синфхона, маҷлисгоҳ, ду кабинети технология барои духтарон, ошхона, китобхона ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар деҳаи Арабхонаи Ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 320 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и Ҷамоати Хуталони ноҳияи Носири Хусрав синфхонаҳои иловагӣ барои 200 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шуд.
Бояд гуфт, ки бинобар афзудани шумораи хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ зарурат пеш омад. Сокинони маҳал ва соҳибкорон барои бартараф намудани ин мушкилот, 4 синфхонаи иловагӣ барои 200 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ барои 80 ҷойи нишастро сохта ба истифода доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






