35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад

Март 25, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 25.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар деҳаи Шоғарави Ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён сохтмонӣ бинои сеошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 бомаром идома  дорад.

Муассисаи таълимии сеошёна бо таҳхона барои 1500 ҷойи нишаст бо маблағи зиёда аз 1 миллион долари амрикоӣ сохта мешавад.  Бинои муассиса дорои 24 синфхона, маҷлисгоҳ, ду кабинети технология барои духтарон, ошхона, китобхона ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар деҳаи Арабхонаи Ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 320 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и Ҷамоати Хуталони ноҳияи Носири Хусрав синфхонаҳои иловагӣ барои 200 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шуд.

Бояд гуфт, ки бинобар афзудани  шумораи  хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25  барои  сохтмони синфхонаҳои иловагӣ зарурат пеш омад. Сокинони маҳал ва соҳибкорон  барои бартараф намудани ин мушкилот,  4 синфхонаи иловагӣ барои 200 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ барои 80 ҷойи нишастро  сохта ба истифода доданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Март 25, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд