Ҳайати Тоҷикистон дар Италия дар самти ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои соҳибкорону сармоягузорон табодули таҷриба намуд

Март 14, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 14.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мақсади табодули таҷриба дар самти ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои соҳибкорону сармоягузорон, инчунин истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ бо фаъолияти мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Италия шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор хабар доданд.

Ҳадафи шиносоӣ табодули таҷриба дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омӯзиши таҷрибаи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Италия дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорону сармоягузорон, инчунин истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоту идораҳои дахлдори Италия, аз ҷумла бо Омбудсмен оид ба ҳуқуқи инсон, Омбудсмени молиявӣ ва бонкӣ, Суди Олӣ, Вазорати адлия, Мактаби олии бозомӯзии судяҳо, Суди шаҳри Рим, Донишгоҳи давлатии Флоренсия, Суди шаҳри Флоренсия, Маркази ҳалли алтернативии баҳсҳои тиҷоратӣ ва дигар сохторҳои марбута якчанд мулоқот ва суҳбати судманд анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаҳо вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия дар соҳаи ҳуқуқи инсон, мутобиқати пурраи ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба талаботи Принсипҳои Париж, аз ҷониби судҳо баррасӣ намудани парвандаҳои иқтисодӣ, роҳҳои омодасозии магистрҳои соҳаи ҳуқуқи инсон, таҷрибаи татбиқи модели итолиёвии механизми миёнаравӣ дар самти тиҷорат ва савдо, инчунин омодасозии медиаторҳо ва ғайра мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Тасмим гирифта шуд, ки ҷонибҳо барои тақвияти фаъолият дар ин самтҳо минбаъд низ ҳамкориро густариш медиҳанд.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид