Ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байнидоравӣ оид ба таҳияи Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» доир шуд

Март 19, 2025 15:21

ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байнидоравӣ оид ба таҳияи Нақшаи амали «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» барои солҳои 2026-2028 таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Ашурбой Солеҳзода иброз дошт, ки мақсади стратегия гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи  технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти иқтисоди «сабз» мебошад.

Таъкид гардид, ки «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» аз рӯи ҳадафу вазифаҳои дар бахшҳои он муайянгардида ба 5 марҳила тақсим карда шудааст. Марҳилаҳои якум ва дуюм (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026-2028) чорабиниҳо дар самти оммавигардонии маълумот оид ба иқтисоди «сабз», таълим ва ташаккули тафаккури иқтисодию экологӣ, ворид намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риоя намудани онҳо ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ ва оғози амалигардонии стандартҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро дар бар мегиранд.

Вобаста ба ин пешниҳод гардид, ки аъзои Гурӯҳи корӣ ҳангоми омода намудани пешниҳодҳо ба Нақшаи амали стратегия дар солҳои 2026-2028 пешравиҳои дар ҷаҳони муосир амалигардида, тамоюлҳои нави рушди иқтисоди «сабз»-ро ки ба инноватсия, рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ равона гардидаанд, ба асос гирифта, дар доираи ҳадафу афзалияти стратегии мамлакат манзур намоянд.

Бо назардошти ин дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ марҳилаҳои таҳия ва манзур намудани пешниҳодҳо муайян карда шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 19, 2025 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад