Дабири кулли СММ аз имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон самимона истиқбол менамояд
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 13 марти соли 2025 дар шаҳри Бишкек самимона истиқбол менамояд. Дар ин хусус 13 март котиби матбуоти Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Стефан Дюжаррик изҳор дошт.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ду давлатро бо ин дастоварди таърихӣ таҳният гуфта, роҳбарӣ, азми қавӣ ва иродаи сиёсии онҳоро барои муваффақона ба анҷом расонидани раванди музокироти дарозмуддат баланд арзёбӣ менамояд.
«Дабири кулл ба ҳамкории устувори созанда байни ду давлат барои таҳкими эътимоди мутақобил, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ояндаи осоиштаи мардумони онҳо ва тамоми минтақа умед дорад», — тазаккур дод котиби матбуоти Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид.
Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд






