Ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи алоқа тақвият меёбад

Март 12, 2025 17:43

ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқа хабар доданд.

Зимни мулоқот ҳамкории ду давлат дар бахши телекоммуникатсия ва алоқа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо тақвияти робитаҳоро дар ин замина судманд арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот омодагии ҷониби Амрико барои мусоидат ба рушди инфрасохтори алоқа дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси нуқтаҳои мубодилаи интернет (IXP) дар минтақаҳо иброз гардид.

Ҳамзамон ҷонибҳо дар заминаи таъмини амнияти иттилоотӣ ҳамкорӣ бо ширкатҳои телекоммуникатсионии бонуфузи провайдерҳои Амрикоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мулоқот доир ба масоили марбут ба истифодабарии моҳвораҳои хурд низ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 12, 2025 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад