Аз 24 то 27 март дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад
ДУШАНБЕ, 24.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 27 март дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд. Дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ бориши борону барф дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, 25 март дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Инчунин 24-25 март дар ноҳияҳои алоҳида шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.
Аз 24 то 28 март бо сабаби бориши борон дар шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе — Чанок — Хуҷанд (километрҳои 48-74-уми шоҳроҳ) ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад. Инчунин 25-27 март дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об ва дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ сар задани сел пешгӯӣ мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






