Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд намоиши асарҳои рассом Аслиддин Калонов ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Арт-галереяи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд намоиши асарҳои рассом Аслиддин Калонов ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар намоиш зиёда аз 60 асари рассом ба намоиш гузошта шуд. Мусаввараҳо фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ, симои инсон ва нақши инсон дар ҷаҳон, рӯзгори хурраму осудаи мардум, муҳаббати поку самимӣ, зебоии табиати дилфиреб ва лаҳзаҳои ҷолиби таърихӣ мебошанд.
Санъати тасвирӣ яке аз шохаҳои муҳими санъату ҳунар буда, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Санъати тасвирӣ дар замони муосир ҷойгоҳи хосса дошта, баргузории чунин намоишҳо ба рушди ин ҳунар, тарбияи завқи зебоипарастии ҷавонон ва бозёфтҳои тоза мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






