Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд намоиши асарҳои рассом Аслиддин Калонов ифтитоҳ ёфт

Март 19, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Арт-галереяи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд намоиши асарҳои рассом Аслиддин Калонов ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар намоиш зиёда аз 60 асари рассом ба намоиш гузошта шуд. Мусаввараҳо фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ,  симои инсон ва нақши инсон дар ҷаҳон, рӯзгори хурраму осудаи мардум, муҳаббати поку самимӣ, зебоии табиати дилфиреб ва лаҳзаҳои ҷолиби таърихӣ мебошанд.

Санъати тасвирӣ яке аз шохаҳои муҳими санъату ҳунар буда, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Санъати тасвирӣ дар замони муосир ҷойгоҳи хосса дошта, баргузории чунин намоишҳо ба рушди ин ҳунар, тарбияи завқи зебоипарастии ҷавонон ва бозёфтҳои тоза мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 19, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид