Ба Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нусха китоби «Ислом ва экология» тақдим гардид

Март 4, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 04.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешбурди корҳои таблиғотию ташвиқотӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби роҳнамо бо номи «Ислом ва экология» таҳияю нашр гардида, беш аз 100 нусхаи он ба Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Зимни тақдими китобҳо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода мулоқот намуда, роҳҳои амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати ҳифз ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист, алалхусус ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим шарҳ доданд.

Таъкид шуд, ки анҷом додани корҳои хайр, аз ҷумла дар самти тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ки ба саломатии ҷомеа мусоидат менамояд, рисолати ҳар шахс мебошад. Раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, ки ба чоп расидани чунин китобҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 4, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад