Ба муносибати ҷашни Наврӯз дар «Саноатсодиротбонк» ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни Наврӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» намоиши театрикунанидашудаи фарҳии расму оини миллии тоҷикон ва ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.
Дарҷаласа аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва Наврӯз ҳамчун фарҳанги ҷудонашавандаии миллати тоҷик бо шеъру андешаҳо ва пурсишу посухҳо мубодилаи афкор анҷом дода шуда, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори асил дар эҳёи Наврӯзи хуҷастапай дар замони соҳибистиқлолӣ таъкид гардид.
Тазаккур дода шуд, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест.
Дар фароварди ҷаласа барои дарки баланди худшиносиву арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги ниёгон бо масъулияти баланди иҷроиши саривақтии супоришҳои Роҳбарияти Бонк ва ороиши идонаи утоқҳои корӣ дар иртибот ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки эҳёи анъанаҳои гузаштагон ва ҳастии миллати тоҷикро собит менамояд, сохторҳои фаъоли Бонк бо Раҳматномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

















Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






