Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!

Март 20, 2025 10:52

ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. То аввали моҳи март ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ 60 майдони  нави пойгоҳҳои  базавӣ ба кор даровард. Соли равон шумораи умумии пойгоҳҳои нави базавии 4G/LTE, ки дар ин майдонҳо  насб шудаанд ва дар диапазонҳои басомади гуногун кор мекунанд, аз 100 адад гузашт. Сохтмони фаъолонаи шабакаи насли чорум барои дастгирии ташаббусҳои ҳукумат дар самти  рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсияҳо  идома дорад.  

Дар оғози соли 2025 ширкат шумораи бештари пойгоҳҳои  нави базавии  4G-ро дар вилояти Хатлон ба кор даровард.  Дар ин ҷо шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо зиёда аз 20 пойгоҳи базавӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Левакант, Норак,  Данғара ва ноҳияҳои  Ҷалолидини Балхӣ, Восеъ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Кушониён, Фархор, Хуросон ва Ёвон васеъ карда шуд.

Дар ҷои дуюм вилояти Суғд қарор дорад, ки дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ  ва Спитамен 14 майдони пойгоҳи базавӣ фаъол гардид.

Илова бар ин, дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои  Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб, Турсунзода, Файзобод, Шаҳринав ва дар якчанд  ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла  Ванҷ,   Дарвоз, Мурғоб ва Рӯшон шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» тақвият дода шудааст. Ҳамгироии  пойгоҳҳои нави базавӣ суръати интернети мобилиро баланд бардошта, барои дастрасии хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои сокинони минтақаҳои Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.

«Солҳои 2025-2030 дар мамлакат Солҳои рушди  иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд. Бо мақсади вусъат  бахшидан  ва пайваста васеъ намудани digital-сервисҳо  мо аз рӯзҳои аввали моҳи январ  фаъолона  пойгоҳҳои базавиро  дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба кор медарорем. Ҳамаи ин  тасмимҳо ба қонеъгардонии талаботи замон ва интизориҳои  муштариёни мо  равона  гардидааст», – мегӯяд Директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Март 20, 2025 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад