Ба сокинони вилояти Суғд хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Корвони саломатӣ» сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Б.Ғафуров, Спитамен ва Ҷ.Расулов аз ташхиси ройгон гузаронида шуданд. Ташхисро табибони ботаҷриба, аз ҷумла акушер-гинекологҳои шуъбаҳои таваллуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, марказҳои солимии репродуктивӣ, машваратчиёни кумаки аввалини тиббию санитарӣ ва табибони оилавӣ гузарониданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, табибон сокинонро ба таври ройгон ташхис намуданд.
Аз ҷониби мутахассисони соҳа дар байни аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳо ва тавсияҳо барои табобати бемориҳои гуногун корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Хадаф аз баргузории «Корвони саломатӣ» дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги солимии аҳолӣ мебошад. Инчунин он бо мақсади пешгирии фавти модар ва кӯдак, баланд бардоштани маърифат ва маълумотнокии аҳолӣ оид ба аломатҳои хатари ҳомиладорӣ, сари вақт муайян намудани занони ҳомиладор бо оризаҳои ҳомиладорӣ ва фарогирии онҳо ба табобат гузаронида шуд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






