Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсия баргузор шуд

Март 11, 2025 15:56

КӮЛОБ, 11.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 март дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори оммаи минтақаи Кӯлоб дар таҳкими худшиносии миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар конфронс иброз гардид, ки дар воқеъ, рӯзноманигорӣ касби  бошараф ва пурзаҳмат буда, ба ғайр аз илму дониш инчунин маҳорату истеъдод талаб менамояд. Рӯзноманигорон аз равшанфикрони созандаи ҷомеа буда, бешубҳа, ҷомеаро ба сӯйи музаффарият ва тараққиёт роҳнамоӣ менамоянд ва ин рисолати таърихиро бо сеҳри хома ва қудрати сухани созанда анҷом медиҳанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақш ва ҷойгоҳи аҳли матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар пешбурди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа барҳақ чунин таъкид намудаанд: «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст».

Дар ҷамъомад иштирокчиён дар мавзуъҳои «Воситаҳои ахбори оммаи муосир: таҳдидҳо ва дурнамо» ва «Рӯзнома-шоҳроҳи тафаккури миллӣ» маъруза намуданд. Иброз гардид, ки матбуоти тоҷик давоми таърихи мавҷудияташ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳуриамон буда, дар марҳилаи нав барои иҷрои рисолати созандагиву бунёдкорӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмию гиромидошти суботи сартосарӣ дар ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мешавад.

Дар ҳамоиш гурӯҳе аз омӯзгорону кормандони донишгоҳ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бо Сипосномаи донишгоҳ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Март 11, 2025 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа