Байни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи технологии Шэнсӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Март 23, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 23.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариш додани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи илм ва маориф байни  Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи технологии Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Иброз гардид, ки муҳтавои Ёддошти тафоҳум ҳамкорӣ дар самтҳои таҳқиқоти муштарак, маърузаҳо, симпозиумҳо, семинар ва конфронсҳо, табодули олимону муҳаққиқон ва донишҷӯён, нашри мақолаҳои илмӣ, дастрасӣ ба иттилооти навин дар соҳаҳои илм ва маорифро дар бар мегирад.

Таъкид шуд, ки бо ибтикор ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин байни давлатҳои ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегӣ дар ҷанбаҳои мухталиф ҳамкории мутақобили судманд амалӣ мешавад.

АКС: Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд

Март 23, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд