Байни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи технологии Шэнсӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 23.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариш додани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи илм ва маориф байни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи технологии Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Иброз гардид, ки муҳтавои Ёддошти тафоҳум ҳамкорӣ дар самтҳои таҳқиқоти муштарак, маърузаҳо, симпозиумҳо, семинар ва конфронсҳо, табодули олимону муҳаққиқон ва донишҷӯён, нашри мақолаҳои илмӣ, дастрасӣ ба иттилооти навин дар соҳаҳои илм ва маорифро дар бар мегирад.
Таъкид шуд, ки бо ибтикор ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин байни давлатҳои ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегӣ дар ҷанбаҳои мухталиф ҳамкории мутақобили судманд амалӣ мешавад.
АКС: Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






