Байни Тоҷикистон ва Аморот сафарҳои омӯзишии олимон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён амалӣ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 09.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари корӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Ноиби ректор оид ба муносибатҳои глобалии Донишгоҳи зеҳни сунъӣ ба номи Муҳаммад ибни Зойид (MBZUAI) хонум Лили Бернс дар шаҳри Абузабӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба сиёсати давлатӣ ва ташаббусҳои назарраси ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Аморот дар самти рушди технологияҳои инноватсионӣ, хусусан истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи илму маориф табодули назар карда, ҷалби донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантураи ин донишгоҳ, омодасозии мутахассисон, танзими сафарҳои омӯзишии олимон, пажуҳишгарон ва донишҷӯёни соҳаро ба кишварҳои ҳамдигар муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими Русия вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд






