Байни Тоҷикистон ва Аморот сафарҳои омӯзишии олимон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён амалӣ карда мешаванд

Март 9, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 09.03.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар  ҳошияи сафари корӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Ноиби ректор оид ба муносибатҳои глобалии Донишгоҳи зеҳни сунъӣ ба номи Муҳаммад ибни Зойид (MBZUAI) хонум Лили Бернс дар шаҳри Абузабӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба сиёсати давлатӣ ва ташаббусҳои назарраси ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Аморот дар самти рушди технологияҳои инноватсионӣ, хусусан истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи илму маориф  табодули назар карда, ҷалби донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантураи ин донишгоҳ, омодасозии мутахассисон, танзими сафарҳои омӯзишии олимон, пажуҳишгарон ва донишҷӯёни соҳаро ба кишварҳои ҳамдигар муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Март 9, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд