Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд. Аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳузури Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва иртиботи оммавии Федератсияи Русия вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ табодул карда шуд.
Ҳадафи ин санад татбиқ ва тақвияти ҳамкорӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва иртиботи оммавии Федератсияи Русия дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мебошад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






