Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба таъсиси Парки саноатӣ дар Тоҷикистон созишнома ба имзо расид

Март 18, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории саноатӣ Русия тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон Парки саноатӣ таъсис диҳад. Дар ин робита байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Федератсияи Русия дар бораи таъсиси Парки саноатӣ  дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури Сарони давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин созишнома табодул карда шуд.

Ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ин санад бо назардошти мавҷудияти иқтидори назарраси рушд ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноат, беҳтар намудани имконияти сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамкории саноатӣ ва сармоягузорӣ байни субъектҳои хоҷагидории ҳарду давлат табодул гардидааст.

Созишнома амалигардонии лоиҳаи сармоягузориро аз ҷониби сармоягузор танзим намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳо, инчунин сармоягузорро барои амалинамоии  тарҳи сармоягузорӣ муайян менамояд.

Март 18, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!